Набӯд нуқтае аз илми ин китоби ғалат

Шуъӯри ноқис мо кард интихоби ғалат

Фиреби зиндагӣ аз шухӣ нафас нахурӣ

Ки теғро накунад кас ба мавҷи оби ғалат

Шикасти шиша ба чашмати бисоти ъушрати чид

зи ранг бохта кардӣ ба моҳтоби ғалат

Румузи вазъи ҷаҳонро касе чаҳ дарёбад

Ки халқ кӯр саводаст ва ин китоби ғалат

Руҷӯъи асли хато май баради зи тинати фаръ

Гирифтанаст зи сар чун шавад ҳисоби ғалат

Ҷаҳони зи ҷӯши ғубори ман он қадр ошуфт

Ки роҳи хона худ кард офтоби ғалат

Надошт оинае мавҷи оби ғайри муҳӣт

Ба ҷилва хӯрдам аз андешаи ниқоби ғалат

Буруни доираи марказ чаҳ обрӯ дорад

Набаст ишқи серумро ба он рикоби ғалат

Ба фарқи ҳосили ин дашт хок ме боист

Арақи зи оинаи саъии рехти оби ғалат

Ба хоб дидамат имшаб ки дар канори манӣ

Агар ғалат накунӣ нест ҳукми хоби ғалат

зи қатра , қатра аён дид ва аз муҳӣт , муҳӣт

Накард фитрати бедил ба ҳеҷ боби ғалат