Бар ҷунун натавон шуд аз ақли адабпарвар муҳӣт

Саъии гавҳар то куҷоҳо танг гирад бар муҳӣт

Ғайри бекорӣ чаҳ меояд зи дасти муфлисон

Нест ҷуз бар нотавонии пайкари лоғари муҳӣт

Баҳраи осоиши донои зи гардун равшан аст

Аз ҳубоб ва мавҷ дорад болашу бистари муҳӣт

Софи табъонро ба пастӣ май нишонди чархи дун

Бо ҳамаи равшандилӣ дардаст гавҳар дар муҳӣт

Кард дилро поймоли орзӯи саъии нафас

Мавҷи охир аз ҳаво афтод ғолиб бар муҳӣт

Ҳаркасиро дар хури асбоб ташвишасту бас

Аз ҳуҷуми мавҷ бар худ мекашад лашкари муҳӣт

Олимиро май кашии зери нигини эътибор

Гар шӯй бар обрӯии хеш чун гавҳари муҳӣт

Қобили таҳрир ашкам нест тӯмор дигар

Сафҳаи ворӣ шояд аз тӯфон кунад мстри муҳӣт

Иззату хории ғубори соҳили тмиизи мост

Варна аз каф фарқ нагирифтааст то анбари муҳӣт

Бенадомат нест ҳастӣ ҳар қадар болад нафас

Мавҷ то боқӣаст дастӣ мезанад бар срмҳит

Бедил аз вазъи қаноати бори дӯши кас не ам

Киштии мо чун садаф гирад ба сркмтри муҳӣт