Дорад аз забти нафаси табъи ҳаваспарвар чаҳ ҳазз
Ҷузи гирифтории зи тоби ришта бо гавҳар чаҳ ҳазз
Доғи маҳрӯмии ҳамон банди ғурури срўрист
Шамъро ғайр аз ғами ҷонкоҳӣ аз афсар чаҳ ҳазз
Дар ҳавои барги гули шабнами абас хӯн ме хӯрд
Хоб чун набӯд насиби дида аз бистар чаҳ ҳазз
Гиряи ?ут рангӣ набаст аз дидаи ҳайрон чаҳ суд
Бе май аз кайфияти хамёзаи соғар чаҳ ҳазз
Касби дониши синаи худро ба нохун кандан аст
намекунанд ойӣнаҳои сода аз ҷавҳар чаҳ ҳазз
Зулм бар аблаҳи зи манъ комрониҳо макун
Ғайри ҷўъу шаҳват аз дунё ба гову хар чаҳ ҳазз
Рағбату нафрати биҳишту дӯзах иншо ме кунад
Тишнагӣ май бояд ӣнҷо варна аз кавсар чаҳ ҳазз
Додаем аз ҳосили асбоби ҷамъият ба бод
Мурғи моро ҷузи парешонеи зи болу пар чаҳ ҳазз
эй ки май хоҳии чароғи маҳфили имкони шӯй
Ғайри азин каз дидаи ?ут оташ чакад дигар чаҳ ҳазз
Лиззати дунё наме арзад ба талхӣҳои марг
Коми заҳрандӯдае тарғибат аз шукр чаҳ ҳазз
Ҷоми қисмат бар талоши ҷустуҷӯ мавқуф нест
Аз насиби Хизри ҷзҳсрт ба Искандар чаҳ ҳазз
Чун камон май боядат бо гӯшаи таслими сохт
Хонаи дори ваҳмро аз фикри бом ва дар чаҳ ҳазз
Ҳасани бирнгии асари пероя тимсол нест
Гркнии ойӣна аз хуршеди равшантар чаҳ ҳазз
Бедил аз жулидаи мӯеи табъи маҷнӯни туро
Гар набошад дӯди савдоӣ касе дар сар чаҳ ҳазз