Ғубори тафриқа ҳар ҷо буд муқобили ҷамъ
Ба ҳам расӣдани лабҳост қосиди дили ҷамъ
Надидаи ҳечкас аз коргоҳи касбу камол
Ба ғайри вазъи адаби сӯрати фазойили ҷамъ
Дамии фароҳами шероза таъаммул бош
Китоби маънии ?ут аҷзо шуд аз далоили ҷамъ
Ба коргоҳи ҳаваси эҳтиёҷати ин ҳама нест
Ту фарди малик Ганае мабош соили ҷамъ
Мдўзи кӣса ба ваҳми захираи анфос
Ки ин нқўд пароканда нест қобили ҷамъ
Куҷо барем ғами зиллати гронҷонӣ
Ки май кашем ба як ноқаи бори маҳмили ҷамъ
Ту дар хаёли таъаллуқи фусурдае варна
Ҳамон ҷудост чаҳ хок ва чаҳ об дар гули ҷамъ
Нараст мавҷии азин баҳр бе талоши гуҳар
Ту ҳам битоз ду рӯзӣ ба ҳасрати дили ҷамъ
Ҳисоби ибратӣ аз пеш по машав ғофил
Чу ашки шамъи ҳамон харҷи гири дохили ҷамъ
Ҳазор хӯшаи дарин кишт дона шуд бедил
Ба ғайри тафриқа чизе набӯд ҳосили ҷамъ