Бози имшаби нафас шуъла фишон дорад шамъ

Ҳайратам сӯхт надонам чаҳ забон дорад шамъ

Софии оинаи номӯси ғубор ранг аст

Ҷузи сиёҳӣ ба дили худ чаҳ ниҳон дорад шамъ

Нест ҷузи бахти сияҳи зери нигини доғам

Ҳукм бар мамлакати шом равон дорад шамъ

Санъати ҷуръати ибрати нигаҳон ҳуш рибост

Ҳалқа чашмӣаст ки бар нӯк синон дорад шамъ

Як қадами раҳи ҳамаи шаб то ба саҳар паймудан

Бетакаллуф чиқадр забт Аннан дорад шамъ

То нафас ҳаст зи дил кам нашавад гармии ишқ

Шуъла тобӣаст ки дар ришта ҷон дорад шамъ

Зиндагии гармии бозори нафаси сўзиҳост

Аз қумоши пари парвона дукон дорад шамъ

Хомшии сарфаи ҷамъияти осӯда дилӣ аст

Нола дар бастани минқор ниҳон дорад шамъ

Занги ойӣна дил омад ва рафт нафас аст

Аз ҳуҷуми пари парвона забон дорад шамъ

Олимӣ бар нафаси сӯхта чидааст дукон

ӣнқадари тор ба як мӯӣ миён дорад шамъ

Чашми ушшоқи фанои майкада шухӣ ӯст

Дар лагани новаки дигар ба камон дорад шамъ

Бедил аз сӯхтанами ранг суроғаш дарёб

Кист парвона ки гуяд чаҳ нишон дорад шамъ