Аз адами мушкил на осони сайр имкон кард шамъ
Доғ шуд афрӯхт ашку оҳ сомон кард шамъ
Бас ки аз завқи фано дар базм ҷавлон кард шамъ
Тарки тамҳиди таъаллуқҳои имкон кард шамъ
Аз ҳуҷуми шавқ бе рӯй ту дар ҳарҷо ки буд
Дӯди оҳи изҳор аз ҳар тор мижгон кард шамъ
Оби ҳайвону дам исо нагардад чун хаҷал
Сар ба теғаш доду ҷони тоза сомон кард шамъ
Оҳи ошиқи оташи дилро далел равшан аст
Фош шуд ҳарчанд дарди хеш пинҳон кард шамъ
Риштаи ҷони сӯхт бар сар зад гул савдо гудохт
Ҷой то дар маҳфил нозофаринон кард шамъ
Дид дар маҷлиси Рахш аз шарм ӯ гардид об
Хешро чун нақши по бо хок яксон кард шамъ