Бенам хиҷлат намебошад сару кори тамаъ
Ҷинси истиғно арақ дорад ба бозори тамаъ
Ғайри навмидии алоҷи ӣнқадар амроз чист
Олимӣ пар мезанад дар набзи бемори тамаъ
Ъам дар ҳасрат шуд ва як тавқи қамарӣ хам набаст
Хиҷлати биҳослӣ бар срўглзори тамаъ
Осмони хамёзаи яъси ту хирман ме кунад
эй ҳавас бурдор даст аз шакли анбори тамаъ
Бе ниёзии тобеъи андеша ағроз нест
Хизмати ҳиммат маҳоласт аз парастори тамаъ
Баҳри таъмири хаёлӣ каз нафас вайронтар аст
Хоки даҳр аз обрӯ гул кард меъмори тамаъ
Заҷр ибрат нест танбеҳи симоҷати пешагон
Лаб гузидан нашканад дандони изҳори тамаъ
Дархур ҷон кандан аз ағроз май бояд гузашт
Умрҳо шуд маргат аз по мекашад хори тамаъ
Аз камоли хеш ғофил нест истеъдоди халқ
Шӯри иқбол гадо мебошад идбори тамаъ
Базми чандини ҳасрати онсӯии қиёмат чида ем
Бояд аз шахс амл пурсед миқдори тамаъ
Гар ҳама бар осмони хоҳӣ назар бардоштан
Чун мижа бесарнигӯнӣ нест девори тамаъ
Аз хиради ҷустами тариқи антъоши коми халқ
Даст бар ҳам суд ва гуфт инаст девори тамаъ
Нест мавқуфи суоли иброми табъи дуни ҳасб
Бастани лаби ҳам камар бастааст дар кори тамаъ
Бе ниёзии бедили охир эҳтиёҷ омад ба арз
Муҳаррами роз ғиноем кард осори тамаъ