Ҳавас ҷунун зада нокуҷои ҳамаи сӯ қадам занад аз тамаъ
Ба куҷост кунҷи қаноатӣ ки дар қисм занад аз тамаъ
Ба ду рӯзаи фурсат бебақо ки на фақр дорад ва на Гана
Ба замин фурӯ наравад чаро ки касе илм занад аз тамаъ
Ҳазар аз таваққуъи ин ва он ки мазаллатат накушуд Аннан
Ҳамагар буд сари осмон ки ба хок хам занад аз тамаъ
Фалакат агар дар боз шуд ду ҷаҳони қаламрав ноз шуд
Чу ғарази муомила соз шуд ҳамаро баҳам занад аз тамаъ
Чаҳ хушаст оина хасон нарасад ба сайқали имтиҳон
Ки ҳарис агар мижаи вокнд ба ҳаё қалам занад аз тамаъ
Мапаснд бар гули орзӯи ҳаваси таровати рангу бӯ
Ки мабод ҷавҳари обрӯ ба ғубор нам занад аз тамаъ
Баладаст маслиҳати азали сӯии ваъдаи гоҳи қиёматат
Ки талоши ҳарзаи ду амл ба дар адам занад аз тамаъ
Агарат буд раги ғайритӣ ки бар обрӯ назанад тарӣ
Кафи хоки гир ва ҳавола кун ба лабӣ ки дам занад аз тамаъ
Каф даст мегазад имтиҳони зи хасису ҳиммат мо мапурс
Ки чу сикка ҳар чаҳ ба сар хӯрд ба сар дирам занад аз тамаъ
Нашавад кудурати фақри мо клФи сФокдаҳи Гана
Чиқадр ғубори дили гадо ба саф карам занад аз тамаъ
Сару барги бедил мо шавад агар иттифоқи қаноатӣ
Шаҷари ҷаҳон Гана шавад нафасӣ ки кам занад аз тамаъ