Мо шаҳидонро вузӯе додаанд аз оби теғ
Саҷда омӯз сар мо нест ҷузи миҳроби теғ
Чеҳра бо хўршидгштни тоқат хафоаш нест
Хира мегардад нигоҳ беҷигар аз оби теғ
Ҳар сиррӣ каз фикри абрӯӣ каҷат гардид хам
Аз гиребон ғӯта зад дар ҳалқаи гирдоби теғ
Дили зи мижгонҳои шӯхати ҳам бисот нашутур аст
Чашми ҳайрон дар хаёли абрӯяти ҳамхоби теғ
Нест мумкини пеши абрӯии ту сар бардоштан
Бихўдиҳоӣ дигар дорад шароби ноби теғ
Аз зудудан бетароват нест зангори хатат
Шаста меболад баҳори сабзаи ?ут аз оби теғ
Хӯни мо дар парда болӣ мезанад аммо чаҳ суд ?
Шухии ин нағма мавқуфаст бар мизроби теғ
Интизорӣ дар мизоҷ ҳар муроқиб тинатӣ аст
Гул кунад шояд зи хӯнам матлаб ноёб теғ
Бетакаллуф магзар аз файзи шаҳодатгоҳи ишқ
Субҳ дигар мезанад ҷӯш аз дами сероби теғ
Ҷавҳари мардии надории баҳс бо мардон хатост
Синаи дорони сатри захмӣ хондаанд аз боби теғ
Нестам афсурдаи ранги арсаи гоҳи имтиҳон
Хӯн гармам мефурӯзад шамъ дар миҳроби теғ
Бе ҳунари мушкил ки бошад тозаи рўииҳои мард
Карда ҷавҳари шабнамӣ бо сабзаи шодоби теғ
Мояи гарданкашии ғорати камӣн офат аст
Ҳамчуи шамъи ӣнҷои сар бесаҷда бошад боби теғ
Бедам таслим магзар пеши абрӯии каҷаш
Сар ба густохии макашгар дидае одоби теғ
Бедил аз мижгон хоб олуд ӯ эмин мабош
Май кушояди фитнаҳо чашми азкмини хоби теғ