Таҳқиқро ба мо ва ман афтодаи ихтилоф

Дар ҳеҷ ҳол бо нафас ойӣна нест соф

Ҳам суҳбатон ба бозӣ шатранҷ сархушанд

То нагзарад мизоҷи нифоқ аз сари масоф

Ёрон агар лабӣ ба тааммул рисонда анд

Хамёза хӯрдааст гиреҳи дркмини лоф

Лутфи маъонӣ аз лаби ҳазён наво махоҳ

Чун поси обрӯи зи дами теғ бе ғилоф

Пайвандҳо ба рӯй гусастан гушӯда анд

Гӯи ваҳм , тору пуди хаёлоти нанги боф

Чун мӯ сипед шуд сари даъво ба хоки дузд

Ин барфи пунбае сети ишоратгари лиҳоф

Дидӣ ҳазор ранг ва нашуд рамзии ошкор

эй соҳиби димоғ нае шахси мӯшикоф

Охири ҳама ба нашъа таҳқиқ ме расем

Пайдост то димоғи пасу пешу дрдўи соф

Бе ёри зистани зи ту бедил қиёмат аст

Ҷурмӣ накардае ки тавон карданати муъоф