Растан чаҳ мумкинаст зи қайди ҷаҳони лоф
Вомондаем ҳамчуи алиф дар миёни лоф
Аз инфеъоли кӯшиши маъзӯр мо мапурс
Пар мезанем чун мижа дар ошёни лоф
Гирди нафас чу субҳ ба гардун рисонда ем
Зиҳ кардааст тири ҳавои камони лоф
Охири зи худфурӯшии аҷноси мо ва ман
Лаб бастанаст таҳтаи намӯдани дукони лоф
Дар олимӣ ки даъвии таҳқиқ ботил аст
Сидқи мақоли мости ҳамон тарҷумони лоф
Хиҷлати матоъи мо ва ман аз хеш ме рӯем
Дорад ҳамин садои ҷараси корвони лоф
Заҳмат мабар дар орзӯии имтидоди умр
Фурсат чаҳ лозимаст кафили замони лоф
Инаст агар саводу баёзи китоби даҳр
Бехотамаст то ба абади достони лоф
Моро тараддуди нафас аз шарм об кард
То кӣ шавад касе тарафи имтиҳони лоф
Аз офат эминаст сипардори хомшӣ
МФкн ба лаби мҳрФи теғи забони лоф
Шӯри ғубори мо ба фано низ кам нашуд
Дигар касе чаҳ хок кунад дар даҳони лоф
Бедил ба хон даъвӣ ҳастӣ нишаста ем
ӣнҷо ба ҷузи қисм чаҳ хӯрд миҳмони лоф