Ақлро мапаснд бо ишқи ҷунунпарвар тараф
Бихбрто чандсозӣ пунба бо ахгари тараф
Кулуфти ҷовиди пастиҳои фитрат тавъам анд
Аз ҷабини соя кам гардад сиёҳии бартараф
Аз дил танҳо тавон бар қалби маҳшар тохтан
Лек натавон гашт бо як дили зи сад лашкари тараф
Ҳарзаи гӯро қобил суҳбат нагирӣ зинҳор
Оқибати хӯни гашт агар гаштӣ ба дардисари тараф
Нотавонон эминанд аз ранҷи офатҳои даҳр
Теғ камтар мешавад бо пайкари лоғари тараф
То нафас боқӣаст мумкин нест эмини зистан
Чун гулӯии шамъ бояд буд бо ханҷари тараф
Нолаи мо бар наёяд бо тағофулҳои ноз
Саъии хомӯшӣ магар бошад ба гӯши кари тараф
Ҷузи табассум бо лаб ӯ ҳечкасро тоб нест
Мавҷ май бояд ки гардад бо хати соғари тараф
эй биҳишти орзӯ бар чашми гирёни раҳматӣ
Кардаанд ин қатраи хӯнро ба сад гавҳари тараф
Сояро аз ҳечкас андеша таъзим нест
Нотавонӣ олимӣ дорад такаллуф бар тараф
Буии гул бо нолаи булбули видоъ омода аст
Хайри боди дӯстонам доғ кард аз ҳар тараф
Ҳечкас судии набард аз интизори муддао
То нашуд чашми тамаъ бо ҳалқаҳои дар тараф
Шӯри имкон бар наёяд бо дили осӯдагон
Ҷӯш дарё нест бо ҷамъияти гавҳари тараф
То туоне бедил аз ваҳми таъаллуқ қатъ кун
Як қалам нураст чун шуд дӯди оташ бар тараф