Гарм навид кист сурӯши шикасти ранг

Каз хеш май рӯм ба хурӯши шикасти ранг

Ҷоми саломат аз май осӯдагӣ тиҳӣ аст

Ғофил машав зи бодаи фуруши шикасти ранг

Монанди нури шамъи дарин ибрати анҷуман

Болидаем лек зи ҷӯши шикасти ранг

эй субҳгар з маҳмил аҷзем чора нест

Бояд нафас кашид ба дӯши шикасти ранг

Ғайр аз хазон чаҳ гирд кунад рафтани баҳор

Хиҷлати ниёз биҳдаҳ кӯш шикасти ранг

Чун мавҷи брсҳиФаҳи найранги ин муҳӣт

Натавон намӯд ғайри нуқӯши шикасти ранг

Онҷо ки аҷзи қофила солор ваҳшатаст

Сдкорўон дарост хурӯши шикасти ранг

Охир барои дидаи бихўоби мо чу шамъ

Афсона шуд садоӣ хамӯш шикасти ранг

Парвози маҳву манзили мақсӯди нопадид

Мо ва дилем бохтаи ҳуши шикасти ранг

Шояд паёми бихўдии мо ба ӯ расад

Ҳарфӣ кашидаем ба гӯши шикасти ранг

Бедил куҷост фурсати гомӣ дар ин чаман

Чун ранг рафтаем ба дӯши шикасти ранг