Нест хокистари мо шуълаи сифати бистари мо
Ранги ором бурун тохта аз пайкари мо
Нолаҳо дар шикан дом хамӯшӣ дорем
Хуфтаи парвоз дар оғӯши шикасти пари мо
Ашк шамъем ки аз хиҷлати изҳори ниёз
Бо арақ мечакад аз ҷабҳаи худ , гавҳари мо
Маънии обилаи баста ба хӯн ҷигарем
Бетаъаммул нагузаштааст касе аз сари мо
Бскаҳи махмури таманноӣ ту рафтем ба хок
Гули хамёзаи тавон чиди зи хокистари мо
Беҷамолат ба либоси мижа ашк олуд
намекунад рӯзи сияҳ , гиря ба чашмтар мо
Дар мақомӣ ки сухани оинаи пардоз дил аст
Чун хамӯшӣ нафас сӯхта шуд ҷавҳари мо
Маънии сархати пешонӣ мо натавон хонд
Чун шарари гум шуда дар санги паии ахтари мо
Кӣнаи мо асари ҷунбиш мижгон дорад
Нахалида сети магар дар дил худ нашутур мо
Як қалами нусхаи ворастагӣ оина ем
Ҳеҷ нақшии набарди содагӣ аз дафтари мо
Ҳамаи ҷои арзи сабки рӯҳӣ шабнам дорем
Дил сангин нашавад ҳамчуи гуҳари лангари мо
Ҳосили ҷоми амли нашъа озодӣ нест
То қафас мерасад андешаи мушти пари мо
Бскаҳи ҷони сахтии мо оинаи хиҷлат буд
Ҳарки шуд оби зи дарди ту , гузашт аз сари мо
Бедил аз ҳиммати махмур меишқ мапурс
Бе гудози ду ҷаҳон пар нашавад соғари мо