Булбули ?илам ғунча кашад бештар аз гул

Зулмаст ба ошиқ чаҳ мудоро чаҳ тағофул

Худдории шабнам чаҳ кунад бо туфи хуршед

эй ёди ту барқи ду ҷаҳони рахти таҳаммул

Кайфияти лаъли ту зи баси нашъа гудоз аст

Дар чашми ҳубоб оина дорад қадаҳи мл

Зон неш ки аз ашки хами зулф ту дорад

Мушкил ки тапидан накушояд раги сунбул

Дилҳои хароби анҷуман ҷилва ёранд

Хуршед ба вайрона диҳад арзи таҷаммул

Мо қамарии он сарв гулистон хиромем

Дорад зи нишони қадамаши гардани мо ғул

Ойӣна дардем чаҳ аҷз ва чаҳ расое

Ашкаст агар нола кунад сози таназзул

Ҳар ғунчаи азин боғи гиреҳ баста нозӣаст

Ашкӣаст гиребон дар чашмтар булбул

Асрори сухани ҷуз ба хамӯшӣ натавон ёфт

Мифтоҳ дар ганҷ маъонӣаст таъаммул

Рӯзии ду ба фикри қад хам гашта фитодем

Кардем тамошои гузаштани зи сари пул

Хиҷлати шимури фурсат парвоз шарорем

Бедил ба чаҳ умед тавон кард таваккул