Захми теғии з ту бардоштаам ҳамчуи ҳилол

Решаи ворӣ ба назар коштаам ҳамчуи ҳилол

Қонеъами зини чмнстон ба рагу барги гулӣ

Аз табассуми лабӣ анбоштаам ҳамчуи ҳилол

Оқибат саркашӣам саҷда фурӯшӣҳо кард

Дар дами теғ сипар доштаам ҳамчуи ҳилол

Нашавад арзи камолами клФи чеҳраи аҷз

Дар бағал оина нагузоштаам ҳамчуи ҳилол

Сақфи кӯтоҳи фалаки маъраз раъное нест

Аз хмидни илм афроштаам ҳамчуи ҳилол

Нотавонӣ чиқадр ҷавҳар қудрат дорад

Осмон бар мижа бардоштаам ҳамчуи ҳилол

Бедил аз ҳастӣ ман по ба рикобаст нимув

Шомро ҳам саҳар ангоштаам ҳамчуи ҳилол