намеояд аз дашти ҷунуни гирдами биёбон дар бағал

Тӯфони ваҳшат дар қадами фавҷи ғизолон дар бағал

Савдоеи доғи туро аз шоми навмидӣ чаҳ ғам

Парвонаи базм вафо дорад чироғон дар бағал

Аз ваҳшати ин тангнои ҳаркас ба рангӣ ме равад

Дарёу миное ба кафи саҳроу домон дар бағал

Аз чашми хеши эмин неам кин қатраи дрёнсб

Дорад ба вазъи шабнамии сад ранги тӯфон дар бағал

Расвои офоқам чу субҳ аз шухии доғи ҷунун

Чун офтоби ойӣнае пӯшед натавон дар бағал

Гиряд ба ҳоли огаҳӣ каз ғифлати номаҳрамӣ

Чун чашм аъамӣ кардаам ойӣнаи пинҳон дар бағал

Хоки ман бунёди сар дар ҳасрати чоки ҷигар

Вақтаст чун гирди саҳари хезади гиребон дар бағал

Коми дили ҳасрати гадо ҳосил нашуд аз мо сӯй

Умрӣаст мехоҳад туро ин хонаи вайрон дар бағал

эй коргоҳи ваҳм ва занн нишкофтӣ рамзи сухан

ӣнҷо надорад перҳани ҷузи шахси урён дар бағал

Дукони ғифлат во макун бо зиндагӣ савдо макун

Худро абас расво макун зини суди нуқсон дар бағал

Бедил надорад базми мо аз дастгоҳи офият

Чашмӣ ки гирад як дамаш чун шамъи мижгон дар бағал