Сахт мавҳумаст нақши пардаи изҳори мо

Ҳайратаст ойӣнаи дори пушт ва рӯй кори мо

Чун нигаҳ дар хонаи чашми хаёл афтода ем

Сояи мижгон тасаввур кун дару девори мо

Резиши хӯни таманно , гули фурӯшиҳои ранг

ПрФшониҳои ҳайрати булбули гулзори мо

Нола дар парвоз дорад кӯшиши мо чун сапанд

Каз гудози болу пар во мешавад минқори мо

Чун шарари ваҳшати қумошон дукон фурсатем

Чидани домони ривоҷи гармии бозори мо

Шамъи маҳфил дар кушод чашм дорад сӯхтан

Фарқ ҳайронаст дар иқбол то идбори мо

Бо ҳамаи яъси эътимоди офият бар бе худии сет

Нокуҷо дар хоби ғлтди дидаи бедори мо

Қатра сомонем аммо мавҷи дарёии карам

Дорад ои ғўшӣ ки осон мекунад душвори мо

Ғурбат ҳастӣ гуворо бар умеди нестии сет

Оҳи азони рӯзӣ ки онҷо ҳам набошад бори мо