Бас ки чун сояам аз рӯзи азали тираи рақам
Хати пешонии ман гум шуда дар нақши қадам
Ишқ ҳар сӯ кашадам чораи ҳамон таслим аст
Ғайри хуршеди пар ва бол надорад шабнам
Қатъ худ кардаам аз хайру шарм ҳеҷ мапурс
Хат кашад бар амали худ чу шавад дасти қалам
Роҳат аз олами асбоб тағофул дорад
Мижа бе духтан чашм наёяд бар ҳам
Файзи эсор агар арзи таматтуъи надиҳад
Мори азгнҷ чаҳандӯдау моҳии зи дирам
Набарди чашми тамаъи сирӣ аз асбоби ҷаҳон
Ришта мавҷ надузад лаби гирдоб ба ҳам
Толиби суҳбати маънии назарон бояд буд
Хок дар саҳни биҳиштӣ ки надорад одам
Ишқ ҳар ҷо фиканд моидаҳи ҳасани адаб
Ҳам ба поят ки ба поят натавон хӯрд қисм
Аҷзи тоқат чиқадр серума ибрат дорад
Бскаҳ хам шуд қад мо монад назари маҳви қадам
Мӯии жулидаи ҳамон афсари девонаи мост
Илми шуъла ба ҷуз дӯд надорад парчам
Аҷзи ҳам кош намекард гул аз ҷуръати мо
Теғи мо тӯҳмат хӯн мекашад аз резиши дам
Бе фанои чораи ташвиши нафас мумкин нест
Пунба гардад магари ин ришта ки гардад муҳкам
Ба чаҳ умед кунам хоҳиши васлаши бедил
Ман ки оғӯши видоъи худам аз қомати хам