Санг роҳам мехӯрд ҳирсӣ ки дорад эҳтишом

Рӯзи аввали туъма аз ҷузв нигин карда сети ном

Хона равшан кардае ҳушдор эй мағрури ҷоҳ

Он қадр фурсат надорад офтоб рӯй бом

Пухтагӣ натавон ба даст оварад бе саъии фано

Ғайри хокистари хаёли шуълаи ҳам хомаст хом

То сухани боқӣ буд дардаст саҳбои камол

Нест ғайр аз хомшӣ чун соф мегардад калом

Номдорони захмӣ хамёза ҷамъиятанд

Сахт маҳрӯмаст носури нигин аз илтиём

Зиллатӣ дар пардаи умеди ҳаркас мзмр аст

Косаи дарюза сайёд дорад чашми дом

Бихбри фоли тамошо май занӣ ҳушёр бош

Шамъро вокрдн чашмаст доғи интиқом

Ба ки мо ва ман ба гӯши хомшии резад касе

Варна то мижгон задан афсона мегардад тамом

Табъ дар ноёбии матлаби саропо шиква аст

То буд аз май тиҳӣ лабрез фарёдаст ҷом

Бар наёяд шубҳа дар малики яқин аз инқилоб

Рӯзи равшани сояро бо шахс натавон ёфт ром

Фикри истеъдод худ кун файзи ҳарфӣ беш нест

Субҳи баҳри олимӣ субҳасту баҳри шом , шом

Ҳиммати озодро бедили раҳу манзили яке сет

Нағмаро дар ҷодаҳои тор мебошад мақом