То куҷои бӯси каф поят шавад арзонӣ ам
Ҳамчуи мавҷ овора мегардад хат пешонӣ ам
Болу пар гум кардаам дар ошёни бихўдӣ
Чун димоғи андалеб аз буии гул тӯфонӣ ам
Дар адам ҳам дошт истиғнои ҳасан бе нишон
Чун шарори санги доғи чашмакӣ пинҳонӣ ам
Олимӣ гум кардаам дар гирди такрори нафас
Нусхаҳо бар бод дод ин як варақ гирдоне ам
Чори сӯии даҳри ҷинси ҷилваҳо бисёр дошт
Таҳта шуд ҳар ҷои дуконӣ буд аз ҳайронӣ ам
Шубҳа ҳастӣ ба чандини ранг доғам ме кунад
Вонмо то кистам ҷузи хок агар медоне ам
Ҳеҷ кас ёрб гирифтори камол худ мабод
Чун гуҳар бар сар фитод аз шаш ҷиҳат ғалтонӣ ам
Домани ташрифи иқболи нигаҳ кӯтоҳ нест
На фалаки пӯшади қабогар як мижа пӯшоне ам
Фақрам аз ташвиши чандини орзӯҳо боз дошт
Бе такаллуфи ҳеҷ ганҷӣ нест дар вайронӣ ам
Доштам бо хори хори табъи маҷнӯни нисбатӣ
Бар сари роҳӣ ки Лайлии по наад бинишонӣ ам
Ҷони фидои ханҷари нозӣ ки дар андеша аш
Ҳар куҷо бошам шаҳидам , бсмлм , қурбонӣ ам
Ҳеҷ кас нишкофт бедили пардаи таҳқиқи ман
Чун фалаки пӯшидаи чашми олам урёнӣ ам