Надорад он қадри қатъ аз ҷаҳони ғифлати асбобам
Ба ҷунбиш то расад мижгон мҳрФ мехӯрд хобам
Нафас дар дил гиреҳ дорам нигаҳ дар дидаи маъзӯрам
Хаттӣ аз нуқта берун нест дар девони одобам
Магари тарк талаб гирад дарин раҳи дасти ман варна
Чу оташи давр май уфтами зи худ чндонкаҳ башитобам
Хазони пеш аз дамӣдан буд манзури баҳори ман
Каттон дар пунбагӣ медод арзи сайри маҳтобам
Ба умеди қад хам гашта маҳмил мекашад фурсат
Магари перии азин дарёи буруни орад ба қуллобам
Ба фикр худ фитодам маъбади таҳқиқ пайдо шуд
Хами сайр гиребон рафт ва пеш оварад миҳробам
Чу оташи гармӣ паҳлу надидам ҷуз ба хокистар
Дарин дайри ҳавас доман заданд охир ба санҷобам
Ба саъии бихўдии ҳам аз арақ берун наме оем
Зтбъи мунфаил тогрдш рангаст гирдобам
Худо аз инфеъол мекашӣҳоем нигаҳдорд
Мизоҷ шарм миноем , дар оташ хуфтааст обам
Ман бедил набудам ӣнқадари парвонаи ҷуръат
Дами теғ ту дидам завқ куштан кард симобам