Ҳргаҳ ба баргу соз маишат гиристам

Хандидам он қадр ки ба тоқат гиристам

Чун шамъи кулуфти саҳарии доштам ба пеш

Давр аз ватан нарафта ба ғурбат гиристам

Нақшӣ бар об мезанад аҷзои коинот

Ҳайронами ӣнқадар ба чаҳ муддат гиристам

Чун абрами инфеъол ба давр ҳаё гудохт

То бар мазори олам ибрат гиристам

эй шамъи саъии аҷзи ҳамин хок гаштан аст

Ман ҳам ба норасоӣ тоқат гиристам

Аз бскаҳи дард беасарӣ дошт тинатам

Дар пеш ҳар ки кард насиҳат гиристам

Бидрдӣ ам кашид ба дарюзаи арақ

Мижгон наменадошт хиҷолат гиристам

Як ашк гарм дошт шарори заъифи ман

Борӣ ба дидаи Ром фурсат гиристам

Ҳасрати шабӣ ба ваъдаи дидорам об кард

Аз ҳар сиришки субҳ қиёмат гиристам

Рӯзӣ ки ашк шуд гиреҳи дидаи гуҳар

Бар танагии маош фароғат гиристам

Ҳар ҷо тамаъ фиканд бисоти таваққуъӣ

Чун обрӯ ба марг қаноат гиристам

Андӯҳам аз маосии пуч он қадр набӯд

Бар хуфт таназзул раҳмат гиристам

Бедилгар огаҳии сабаб гиря ам мапурс

Бекор буд завқи надомат , гиристам