Аз ҳавас чун шамъгар сар бар ҳавои бардоштам
Чун тааммули шдгрибони нақши пои бардоштам
Зиндагонии ҷузи хиҷолати моя дигар надошт
Тар шудам чун ашк то оби бақои бардоштам
Нотавонӣ дар димоғ ғунчаам парварда буд
Поймоли атсаи гаштам то ҳавои бардоштам
Хоҳишами охир ба зери бори миннати пиркрд
Пайкарам хам шуд збси дасти дуои бардоштам
Ҳркҷо рафтам ғубори зиндагӣ дар пеш буд
Ёрб ин хоки парешон аз куҷои бардоштам
Чун ниҳол аз ғифлат нашав ва намой ман мапурс
Пои ман то рафт дргли сари зи ҷои бардоштам
Аз пушаймонӣ кунун май боядам бар сар задан
Чун мижаи баҳр чаҳ дасти норасои бардоштам
Сари хати бениш савод нестӣҳоем бас аст
Гирд ҳастӣ дошт чашм аз тўтёи бардоштам
Ҳарзаи ҷавлонии димоғи ҳиммат ман барнадошт
Чун шарари худро азбни раҳи ҷои пои бардоштам
Бор ҳастӣ пеш аз эҷодами далели аҷз буд
Чун ҳилоли аввали ҳамон пушти дўтои бардоштам
Навбаҳор бенишонам аз саломат нанг дошт
То шикастии нақши бандами рангҳо бардоштам
Чун ҷарас аз баси назокати маҳмили афтодаи сети шавқ
Корвонҳо бори бастамгар садои бардоштам
Шабнами ман зини чаман то як арақ ояд ба арз
Бори сад ибром бар дӯши ҳаёи бардоштам
Тоқатам аз нотавонӣҳои мижгон моя дошт
Як нигаҳи бедил ба зӯри сад Асои бардоштам