Ба ҷустуҷӯии худ аз саъй бе димоғи гузаштам
Ғубори ман ба фазо монад каз суроғи гузаштам
Начедам аз чамани фурсати яқини гули рангӣ
Чу умри ҳарзаи хаёлон ба лаҳву лоғи гузаштам
Шарор коғазам омад чамани паёми тағофул
Ба боли булбулӣ оташ задам зи боғи гузаштам
Насохт ҳавсилаи шавқ бо маротиби ҳиммат
зи бас баланд шуд ин нашъа аз димоғи гузаштам
Баҳонаи ҷӯии ҳавас буд даври гардиши рангам
Чу мебабўс лабӣ аз сроёғи гузаштам
Ниқоби рози ду олами шикофтам ба хаёлат
зи садҳазори шабистон ба як чароғи гузаштам
Ҷунуни тарки алойиқи ҳазор силсила дорад
Гар ин балост раҳои ман аз фироқи гузаштам
Агар ба лаҳву лаъиб бурданаст гӯии муҳаббат
зи дӯстӣ ба пул бастани ҷноғи гузаштам
Навой улфат ин ҳамРаҳон кашид ба мотам
зи корвон ба дароҳои бонги зоғи гузаштам
Чаро чу шамъи ннозм ба қадрдонии улфат
Ки ман з оташ сӯзанда ҳам ба доғи гузаштам
Наёфтам чамани офият чу домани азлат
Ба пои хуфтаи бедили зи боғу роғи гузаштам