Кӣ дар қафасу доми ҳавоу ҳаваси уфтам
Он шуъла неам ман ки ба ҳар хору хаси уфтам
Дар қатра ам андоз муҳӣтаст пари афшон
Ҳайфаст каз афсуни гуҳар дар қафаси уфтам
Аз бенафасӣ кам нашавад рабти хурӯшам
Дар қофилаи ҳайрат агар чун ҷараси уфтам
Биқдр неамгар ба чамансозӣ таслим
Дар хок ба ранги самари пеши раси уфтам
Расвои ошиқ ба раҳи ёр биҳиштӣ аст
эй коши дарин кӯча ба чанги асаси уфтам
Андешаи тағйири вафои ҳуш гудоз аст
Тарсам ки равад ишқ ва ба доми ҳаваси уфтам
Чун шона ба ин саъии нигуни дрхми зулфат
Чандон ки қадами пеши нуҳуми бози пас уфтам
Аз бас ки ду то гаштаам аз бори заъифӣ
Халхоли шуморад чу ба пои магаси уфтам
Фарёди нафаси сӯхтагон аҷз нигоҳӣаст
эй вой ки давр аз ту ба як нолаи раси уфтам
Чун субҳ агар дами занам аз ҷуръат ҳастӣ
Аз шарм шавам об ва ба фикри нафаси уфтам
Сар то қадамам нест ба ҷузи қатраи ашкӣ
Олам ҳама ёраст ба пой чаҳ каси уфтам
Товуси зи нақши пари худ дом ба дӯш аст
Бедил чаҳ аҷабгар зи ҳунар дар қафаси уфтам