Кунад ҳар ҷои арақи зи он моҳи тобони голфашони анҷум

Шикаст ранг созад ҷамъ чун барги хазони анҷум

Ҷабину оризаш аз давр дидам дар арақ гуфтам

Ки ин моҳаст ва он хуршед тобонаст ва он анҷум

Ту бар хок дараш як нақши пои касб саодат кун

Ба изҳори асргўи доғи шӯ бар осмони анҷум

Дар он водӣ ки ёд ӯст шамъи роҳи умедам

Тавон хирмани намӯдан аз ғубори корвони анҷум

Арақ ҷӯшаст ҳасан эй шавқи чашми ҳайратӣ во кун

Қадаҳ бояд гирифт Андам ки омад дар миёни анҷум

Ба ҳарҷо шиквае гул кардааст аз бахти носозм

зи хиҷлат чун шарар дар санг мебошад ниҳони анҷум

Ба ғайр аз сӯхтан тухмӣ надорад мазраъи имкон

Ба ин ҳосили магар дар хоки корди осмони анҷум

Шарорӣ чанд сомон кун агар дар худ задӣ оташ

Наме тобад ба коми бенавоёни ройгони анҷум

Чароғи ин шабистони қобил партав наме бошад

Нтобад карами шбтобии магар дар ошёни анҷум

Ту аз ғифлат ба сад умед савдо кардае варна

Ба ғайр аз чашмак хушкӣ надорад дар дукони анҷум

Дарин ҳасрат ки меҳри талъаташ кӣ парда баргирад

Чу бедил метапад ҳар шаб ба чашм хӯн фишон анҷум