Қиёмат мекунад ҳасрат мапурс аз табъи нои шодам
Ки ман сад дашт маҷнӯн дорам ва сад кӯҳи Фарҳодам
Замонӣ дар саводи сояи мижгон таъаммул кун
Магар аз серума дарёбӣ шикасти ранги фарёдам
Ҳузури нестии афсуни ширкат бар наме дорад
Ду олам бо фаромӯшӣ бадал кун то кунӣ ёдам
Гирифтори ду олами рангам аз бирҳмии нозат
Амири улфат худ кун агар май хоҳии озодам
Чу Тифли ашки дарсами он қадр кӯшиш наме хоҳад
Ба илм орамидан лағзиши поеи сети устодам
Ба сомони дилами овораи сад дашти битобӣ
зи манзил ҷодаам давраст ё раб гум шавад зодам
Тароват бардаам аз обу гармӣ аз дили оташ
Чу ёқӯт аз Фсрдни инфеъоли сулҳи аздодм
Фалаки мушкили ҳарифи манъ парвозам тавонад шуд
Чу овози ҷараси гирам қафас созад зи фӯлодам
Дарин саҳрои ҳайрати дона ва домӣ наме бошад
Ҳамон чун булбули тасвир наққошаст сайёдам
Алоҷи хона занбӯр натавон кард бе оташ
Рикоби нолаи гирам то сетанд аз фалак додам
Нафасро дом улфат хонд ҳам чун субҳу зини ғофил
Ки берун май баради зини хокдони охири ҳамин бодам
Ғубор ҷон кунӣ бар боли ваҳшат бастаам бедил
Садои бесутунами қосиди мактуби Фарҳодам