Ту мерафтӣ ва ман сози қиёмат боз ме кардам

Шикасти ранг то пар мефишонд овоз ме кардам

Агар номӯси улфат ҳо намешуд монеъи ҷуръат

Чу шухии ошён дар дида ғаммоз ме кардам

Ҳаёи раъноеи товус аз вазъам наме хоҳад

Вагарна бо ду олами ранги як парвоз ме кардам

Хаҷал чун субҳ аз хокистари биҳосли хешам

Нашуд ойӣнаеро як нафас пардоз ме кардам

Асои мушти хок ман нашуд ҷавлони оҳӯе

Ки ҳамчун серума дар чашми ду олам ноз ме кардам

Дарин маҳфил намеёбад сапанди бенавои ман

Гиребонӣ ки чок аз шуъла овоз ме кардам

Вафои манъи тамизи шодӣ ва ғам мекунад варна

Навоҳо интихоб аз толеъ носоз ме кардам

Аннани нола май будӣ агар дар забти тамкинам

Чу хомӯшии ватан дар пардаҳои роз ме кардам

Ба хомии сӯхт чун барқами хаёли зиндагӣ пухтан

Ба ин навмидии анҷомӣ дигар оғоз ме кардам

Гар аз дастами кушоди кори дигар барнаме ояд

Ба ҳол хеш мебоист чашмӣ боз ме кардам

Агар бедили баҷое май расидам аз пари афшонӣ

Ба оҳанги зи худ рафтан ҳазор андоз ме кардам