Дамӣ чун шамъгар ҷайби тағофул чок ме кардам
Ба мижгони збни шабистонҳо сиёҳӣ пок ме кардам
Ба ин гирди чамани чизе ки дорад изтироби ман
Гар аз по менишастам олимиро хок ме кардам
Қазо гар мегирифт аз ман ғубори қдрдониҳо
Фалакҳоро замини сояҳои ток ме кардам
Ба ҷусту ҷӯ агар ҳосил шудӣ иқболи пои бӯсаш
Сари афтодаро пеш аз қадам чолок ме кардам
Ба ёди лаъл ӯгар мекашидам аз ҷигари оҳӣ
Раги ёқӯтро боли хас ва хошок ме кардам
Гузашти он маҳмили фурсат ки дар базми тамошояш
Ба ҳар дидан чу мижгони сад гиребон чок ме кардам
Ба парвози он қадар моил нашуд анқои ранги ман
Ки шоҳини кабӯтари хона афлок ме кардам
Ба сайди дашти имкони ҳамтем розӣ нашуд варна
Фалаки ҳам ҳалқаи ворӣ буд агар фитрок ме кардам
Ба ин вазъӣ ки май резами арақ дар дашт ва дар бедил
Ғубори худсарии коши андакӣ намнок ме кардам