Рафтам аз хеш ва ба базми ҷилвааш лангар задам
Шишаи рангии шикастам бо парӣ соғар задам
Софии дил бениёзам дорад аз арзи камол
Ҳайратии гаштами раҳи сад оина ҷавҳар задам
Хушки табъони ғӯтаҳо дар мағзи дониш хӯрда анд
Бскаҳ бар авроқи маънии оби назм тар задам
То набинад тарзи раъноеи хироми қоматат
Аз пари қамарӣ ба чашми сарв хокистар задам
Ҳаргиз аз дили шикваи доғи ҷафояти сар назд
Бесадо буд ин ду соғар то ба якдигар задам
Олимиро бар бисоти хок буд иқрори аҷз
Ман ҳам аз нақши ҷабини Меҳрӣ бар ин маҳзар задам
Шабнами ашкии фурӯи бардаи сети сар то пои ман
Аз заъифии ғӯта дар як қатра чун гавҳар задам
Бе ту икдми сарфаи роҳати набардам чун сапанд
Бар сар оташ нишастам нола кардам пар задам
Чун саҳар ҳар чанд шавқами сӯхт аз кам фурсатӣ
ӣнқадарҳо шуд ки аз шухии нафас камтар задам
Айши асбоби чароғоне тасаввур карда буд
Мушти хошокӣ фароҳам кардам ва озар задам
Бихўдии бедил ба хоки афканди аҷзои маро
Бас ки чун гул аз шикасти рангҳо соғар задам