Ба боғӣ ки чун субҳ хандида будам
з ҳар барги гули доманӣ чида будам
Ба зоҳид нагуфтам зи дарди муҳаббат
Ки нашунида буд ончии ман дида будам
Чаро хати паргор ваҳдат набошам
Ба гирди дил хеш гардӣда будам
Ҷунун мечакад аз дару боми имкон
Димоғ хаёлӣ харошида будам
Агар сабзаи рустам вагар гул дамидам
Ба мижгони нозат ки хобида будам
Ҳанузам ҳамон ҷоми зарфи муҳаббат
Нами ашк чанде таровида будам
Шарари ҷилва Эй кард ва шуд доғи хиҷлат
Ба ин ранги ман низ нозидаҳ будам
Қиёмат ғубораст саҳрои улфат
Ман ӣнҷои дамӣ чанд нолида будам
Ндздидми охири тан аз хоксорӣ
Абирӣ бар ин ҷома молидаа будам
Адаб нест дар роҳ ӯ по ниҳодан
Агар сар наме буд лағзида будам
Надонам куҷо рафтам аз хеши бедил
Ба ёд хиромӣ хиромеда будам