Таҳайюри оинаи олами мисоли худам
Баҳона гардиш рангасту поймоли худам
Ба доғ мерасад оҳанги захми ман чу ҳилол
Ҳануз ҷодаи сари манзили камоли худам
Ба ҳар чаҳ менагарм орзӯ тақозо нест
Чу эҳтиёҷи саропои лаби суоли худам
зи чинии офат беобӣ ам машав эй ҳирс
Ки ман таровати лаби хушкии суфоли худам
Ғубори доман ҳар мавҷ нест қатраи ман
Чу ашк дар гиреҳи софии зулоли худам
Расидаи заъфи баҷое ки ҳамчу шамъ хамӯш
Шикасти ранг ниҳон кард зери боли худам
Баҳори нозаму каси муҳаррам тамошо нест
Ба сад хаёл яқин шуд ки ман хаёли худам
Видоъ соз намӯда сети заъфи пайкари ман
Хами ишоратӣ аз абрӯии ҳилоли худам
Ба ҳайрат оинаам бениёз ҳастӣ буд
Ту ҷилва кардӣ ва нагузоштӣ ба ҳоли худам
Дарин алмкдаҳи бедил чаҳ маҷлиси орои сет
Чу шамъи сӯхти арақҳои инфеъоли худам