Ҳазор оина бо худ дучор кардам ва дидам

Ба ғайр ранг набудам , бҳоркрдм ва дидам

зи ноумедии хамёзаҳои соғари холӣ

Чаҳ сари хушӣ ки ба сарфи хморкрдм ва дидам

зи чашми ҳуши ниҳон буд гирд фурсат ҳастӣ

Чу субҳи икдўи нафаси ахтёркрдм ва дидам

Ба ғайри номи ту нақдӣ набӯд дар гиреҳи дил

Нафас ба сбҳаҳи расонадам , шумор кардам ва дидам

Сари ғурури ҳавоу ҳавас ба ташти хиҷолат

Ман аз арақи дами теғ обдор кардам ва дидам

Дилӣ ки дошт ду олами фазои арзи таҷаммул

зи чашми бастаи як ойӣна вор кардам ва дидам

Ба ранги шамъи баҳори ҳузури хилвату маҳфил

Шикастӣ аз пари ранг ошкор кардам ва дидам

Кунун чаҳ пардаи кушояди сафо ба ғайри кудурат

Ки ҳар чаҳ буд ғубор эътибор кардам ва дидам

Қумоши коргаҳи мо ва ман сабот надорад

Маниш ба қадари нафаси тор тор кардам ва дидам

Аҳад аён шуд аз аъдоди бишмории касрат

Ҳазорро як ва якро ҳазор кардам ва дидам

Ҷаҳони талофии шуғли тараддудӣ ки надорад

Ту фарз кун ки ман ҳичкоркрдм ва дидам

Дўгом беш нашуд ҳомил гаронӣ ҳастӣ

Шутур набӯд нафас буд бор кардам ва дидам

Гирифта буд замин то фалаки ғубори тааюн

Азин ду арса чу бедил канор кардам ва дидам