Нашавад ҷоҳу ҳашами шӯҳрати хоми дили мо
Ин нигинҳо мтрошид ба номи дили мо
Зарра Эй нест ки бешӯр қиёмат ёбанд
Ташт на чархи фитодаи сети зи боми дили мо
Нашъаи дўргрФтории мо сахт расост
Ҳалқаи зулф ки дорад хати ҷоми дили мо ?
Субҳи ҳам бо нафас аз хеш бурун ме ояд
Ки рисондаи сет бар афлоки паёми дили мо ?
Олимиро ба дар каъбаи таҳқиқи расонад
Ҷараси қофилаи субҳи хироми дили мо
Бар ҳамин обила хатмаст раҳи каъбау дайр
Кош мекард касе сайри мақоми дили мо
Ба сухани кашфи муаммои адам мумкин нест
Хомшӣ низ нафаҳмид каломи дили мо
Рангҳо дошт баҳори ман ва мо лек чаҳ суд
Гули ин боғ нахандид ба коми дили мо
Инси ҷовид дигар аз ки тамаъ бояд дошт
Дили мо низ нашуд онҳамаи роми дили мо
Доғи маҳрӯмии дидори з маҳфил рафтем
Бирасонед ба ойӣнаи саломи дили мо
Номи сайёди проФшонӣ анқо кофӣаст
Ғайри бедил гиреҳӣ нест ба доми дили мо