Май парасти эҷодами нашъа азал дорам
Ҳамчуи донаи ангури шиша дар бағал дорам
Гар диҳанд бар бодам рақс мекунам шодам
Хоки ъҷзбнёдм , табъ бехалал дорам
Офтоб дар кораст сояи гӯ ба ғорати рӯ
Чун манӣ агар гум шуд чун туе бадал дорам
Маънии баланди ман фаҳм тунд ме хоҳад
Сайри фикрам осон нест кӯҳам ва ктл дорам
Аз манӣ таназзул кун , ӯ шӯ ва туе гул кун
Андакӣ тааммул кун нукта муҳтамил дорам
Ҳақи бурун мардум нест , ҷӯши бода бехам нест
Роҳи муддао гум нест , арз мубтазал дорам
Дил мушаббакаст имрӯз аз хаданги бедодат
Маҳви лиззати шавқам , шоне аз асал дорам
Санги ҳам ба ҳоли ман гиря гар кунад барҷост
Бе ту зиндаам яъне марг беаҷал дорам
Тарки суд ва савдо кун , қатъ ҳар таманно кун
Май хуру тараб ҳо кун , ман ҳам ин амал дорам
Баҳри қудратами бедил , мавҷи хези маънӣ ҳо
Мисраӣ агар хоҳам сркнм , ғазал дорам