Ба ҳасрат ғунчаам яъне ба дилтангӣ ватан дорам

Хаёлӣ дар нафас хӯн мекунам тарҳ чаман дорам

Сапанди ман ба навмидӣ қаноат кард аз ин маҳфил

Ту аз май чеҳра май афрӯзи ман ҳам сӯхтан дорам

Каф хокистарам бишкофу доғи дил тамошо кун

Чароғи лолае дар раҳни маҳтоб ва саман дорам

Видоъи омодаи шӯгар завқи истиқболи ман дорӣ

Ки ман чун барқ , аз худ рафтанӣ дар омадан дорам

намедонам чаҳ найрангаст афсуни муҳаббат ро

Ки худро ҳам ту май пиндорам ва бо худ сухан дорам

Ба хомӯшии зи сози аҷз тасвирам машав ғофил

Шикасти дил фиғонҳо дорад аз рангӣ ки ман дорам

Ки дорад фикр бе сомонии вазъи ҳубоби ман

Ба рангӣ гаштаам урён ки гӯйӣ перҳан дорам

Ба ғифлати хонаи имкон чаҳ имконаст яктое

Дуе май пурварам дар парда то ҷон дар бадан дорам

Ду олам хӯн шавад то нақши бандами шухии рангӣ

Қиёмати интихобами нусхаҳо бар ҳамзадан дорам

Дарин саҳрои з бас фаршаст аҷзои шаҳиди ман

Ғубории ҳамгар аз худ чашми пӯшади ман кафан дорам

Гар огоҳам вагар ғофил , нагардад ҳайратами зоил

Ту бар ойӣнаи марҳам на ки ман доғӣ куҳан дорам

Ба ҳар афсурдагӣ бедил мабош аз нолаам ғофил

Ки ман барқӣ ба ҷони олимӣ оташ фикан дорам