Умрии сети зи асбоби Гана ҳеҷ надорам

Чун дасти тиҳии ғайри дуо ҳеҷ надорам

Таҳрики лабӣ буд асари мояи эҷод

Маъзӯрам агар ҷузи ман ва мо ҳеҷ надорам

Ташвиқи хаёлоти вуҷӯд ва адамам нест

Чун рамзи даҳонати ҳамаи ҷо ҳеҷ надорам

ё раб чиқадр гарм кунам маҷлиси тасвир

Созами ҳама кӯкасту садо ҳеҷ надорам

Чун шамъ агар шаш ҷиҳатами пай сипар уфтад

Ғайр аз сари худ дар таҳи по ҳеҷ надорам

Вомондаи яъсам ки аз ин анҷумани охир

Бархестанӣ ҳасту Асо ҳеҷ надорам

Мағрур ҳавас мезем аз ҳастӣ мавҳум

Фарёд ки ман шарму ҳаё ҳеҷ надорам

Ҳамкисвати асбоби ҳубобам чаҳ тавон кард

Гар боз кунам банди қабо ҳеҷ надорам

Шахси адам аз заҳмат тимсол мубаррост

Ойӣна ! ту ҳеҷам манимо ҳеҷ надорам

Бедил агар офоқ буд зери нигинам

Ҷузи номи худои номи худо ҳеҷ надорам