Майам ба соғар агар хушк шуд хумор надорам
Хазон гумаст ба боғӣ ки ман баҳор надорам
Ҳавас чаҳ реша кунад дар замини шарми дамӣдан
Чу тухми ашки арақи ворӣ обёр надорам
Муҳаббат аз дил афсурдаам ба пеш ки нолад
Қиёматаст ки ман сангам ва шарор надорам
Ба ҳайратам чаҳ кунам тӯҳфаи навиди висолаш
Нигаҳи бизоъатаму ғайр интизор надорам
Ба баҳри ишқ чаҳ созанди заврақи тоқат
Канорҷуи сети талаб , лек ман канор надорам
Карам кунӣ агарам қобил карам нашиносӣ
Ки хок то нашавам шукр ҳқгзор надорам
Ту хоҳи сари хат габрам навис хоҳи мусулмон
Нигини биҳсм , аз ҳеҷ нақш ор надорам
зи сҳркории найранги ишқ дам натавон зад
Бурун наҷустаам аз хилватӣ ки бор надорам
Магар кунад ғам ноёбӣам кудуратии иншо
Суроғам аз ки талаб мекунӣ ғубор надорам
Фитодаам ба хаму печи ибратӣ ки мапурсед
Буруни баҳр шино дорам ихтиёр надорам
Дигар Маяфканам эй ваҳм дар гумони тааюн
Ки ман агар ҳамаи ғайрим ба ғайр ёр надорам
Ҳубобу кулуфти асбоби бедили ин чаҳ хаёласт
Биҷузи хамӣ ки ба дӯш манаст бор надорам