Хомӯшаму битобии фарёд ту дорам
Чндонкаҳи фаромӯши туами ёд ту дорам
Ин нола ки қад мекашад аз синаи тангам
Тасвири ниҳоли зи ғами озод ту дорам
Тимсоли гулу ранги баҳорам чаҳ фиребад
Ман оинаи ҳасани худодод ту дорам
Ҳарчанд ба сад ранги занами дасти тасаннӯъ
Чун вонгрми хомаи беҳзод ту дорам
То зиндаам аз ҷон кунӣ ам нест раҳоӣ
Ширинӣ ва ман хизмати Фарҳод ту дорам
Гӯи шиша имкон шаканд санги ҳаводис
Ман тоқӣ аз абрӯии призод ту дорам
Парвози нафаси ёди гирифторӣ шавқ аст
Ин як ду пар аз хонаи сайёд ту дорам
Чашмат ба нигоҳии зи ҷаҳон мунтахабам кард
Тмғои қабул аз асари сод ту дорам
Мутриб чаҳ таровад зи не бе нафаси ман
Ҳар нола ки ман дорам аз иршод ту дорам
Бедили ту ба ман ҳеҷ мудоро нанамудӣ
Умрӣаст ки поси дили ношод ту дорам