Омад зи гулшани нози он ҷавҳари табассум

Дили дркФи тағофули гул бар сари табассум

Хати ҷӯш Хизр дорад бар чашмаи хаёлаш

ё хуфтаи хоксории сар бар дар табассум

Мастӣ адаб тарозаст ё чашм ним бозаст

ё нотавон нозаст бар бистари табассум

Шамъи кадоми базмӣ эй нусхаи тағофул

Субҳи кадоми шомӣ эй пайкари табассум

Аз ғунчаи итобат гулчин илтифотем

эй ҷабҳаи ту аз чини равшангари табассум

Зинҳори ҷуръаи ноз аз ранг по нагирӣ

Хӯн мекунӣ чу мино дар соғари табассум

Оварад хати нозӣ бар қатли бигноҳон

Як меҳр бӯса боқӣаст бар мҳзртбсм

эй оҳи хуфта дар хӯни чоки дилати муборак

Он ғунча тағофул дорад сари табассум

Грбрқ хўнФшон шуд ё шуълаи хасм ҷон шуд

Бсмл наметавон шуд бе ханҷари табассум

Арзи тараб ваболаст дар ишқ варна ман ҳам

Чун ғунчаам саропои болу пари табассум

Он ба ки шабнами мо зин боғ пурфишонд

Чун ашк пар ғарибем даркишвари табассум

Аз субҳи боғи имкон ғофил мабош бедил

Бе гирди фитна Эй нест ин лашкари табассум