Надонам муждаи васл ки шуд барқи афкани ҳушам
Ки ҳамчун мавҷ аз оғӯшам бурун метозад оғӯшам
Ба сад хуршед нозад сояи иқболи шоми ман
Ки умрӣ шуд чу хати таслими он субҳи биногвашам
Ба ҳайрати бас ки ҷўшидми нигоҳи афсурда мижгон шуд
Ман он ойӣнаам каз шухӣ ҷавҳар намад пӯшам
Ба ҳар афсурдагӣ аз тӯҳмати бидрдии озодам
Чу тори соз дар ҳар ҷо ки бошам нола бар дӯшам
Видоъи ғунча , гулро нест ҷузи парвози махмурӣ
Дил аз худ рафт ва бар хамёзаи маҳмили басти оғӯшам
Чу хоби мардуми девонаи таъбирам ҷунун дорад
Ба ёди ман макаши заҳмати фаромӯшам , фаромӯшам
Ҳадиси ҳайратам бояд зи лаъли ёр пурсидан
Чаҳ мегуяд ки оташ мезанад дар кулбаи ҳушам
Чаҳ созам каз балои изтироб дил шавам эмин
Хамӯшӣ ҳам нафас дуздида фарёдаст дар гӯшам
зи каси умед дилгармӣ надорад шуълаи шамъам
Ба ҳар маҳфил ки бошам бо шикасти ранг дар ҷӯшам
Биҷузи ҳасрат чаҳ андӯзам ба ҷузи ҳайрат чаҳ пардозам
Нигоҳам беш азинҳо бар наме тобад бару дӯшам
Мабодои ҳечкас ё раби зиёнкори пушаймонӣ
Дили имрӯзи ҳам шаб кард доғи фурсати дӯшам
Куҷои баст аз забони ҷавҳари ойӣна гуёе
Чароғи дудмони ҳайратам бисёр хомӯшам
Ҳузури офтоб аз соя пайдое наме хоҳад
Дамӣ оем ба ёди худ ки ӯ созад фаромӯшам
Ба ёди он миён умрӣаст аз худ рафтаам бедил
Чу ранги гул ба боди нотавонӣ май пурди ҳушам