Ғубори аҷзи парвозии муқӣми домани хешам
Шикасти хеш чун мавҷаст ҳам бар гардани хешам
Дарин мазраъ ки ҷузи биҳослии тухмӣ наме бандад
намедонам ҳуҷуми офатам ё хирмани хешам
Суроғ ранг ҳастӣ дар тилисм худ наме ёбам
Дарин маҳфил чу шамъи куштаи доғ рафтани хешам
Шабистон дорад аз парвози ранги шамъи товусам
Баҳори ин бисотам каз хазони гулшани хешам
Чу ранги гул ба шохи барги таҳқиқам ки май печад
Ки ман сад перҳани урёнтар аз пероҳани хешам
Дртн водӣ надорад офияти гирд « аноолъшқӣ » .
Агар оташи занам дар хеши нахли эмини хешам
Чу мижгонами зи вазъи хеш бояд сарнигӯн бӯдан
Бизоъати ҳеҷ ва ман мағрури даст афшодани хешам
Чаҳ миқдор об гардад субҳ то шабнам ба арз ояд
Ба ин аҷзи нафаси ҳайрони мазмун бастани хешам
Чу шамъ аз заъфи оғӯши видоъам дар қафас дорад
Шикасти ранг бар ҳам чидаи пероҳани хешам
Тазаллуми ҳарза тозӣ дошт дар саҳрои навмидӣ
Заъифӣ дод охири ёди дасту домани хешам
Ҷаҳонро сайд ҳайрат кард ҷӯш нолаам бедил
Ҳамаи занҷирам аммо дар ниқоби шевани хешам