Ба ин тоқат намедонам чаҳ хоҳад буд анҷомам

Нигин бенақш мегардад агркс май баради номам

Ба ранги нақш по дорам баннои аҷзи таъмирӣ

Ба пастӣ метавон зад лофи миъроҷ аз лаби бомам

Ҳазорон мавҷи соҳили гашти чандини қатра гавҳар шуд

Ҳамон маҳмили тарози дӯши битобисти оромам

Чаҳ андӯзам ба ин ҷӯши кудурати ғайрихомӯшӣ

Гулӯӣ шамъ мегардад каманди серумаи шомам

Напечад бар дили каси решаи шавқи гирифторӣ

Чўтхмм то гиреҳи вокрдаҳ эй гул мекунад номам

Магар аз худ рӯм то муддаои дил ба арз ояд

Садоеи дршкст ранг медорад лаби ҷомам

Ҳанузам шамъи савдо дар ниқоби ҳуш май сӯзад

Сарои пои оташам аммо ба тарз сӯхтани хомам

Ба чашми баста ғофил нестам аз шавқи дидорат

зи сад равзан ба ҳайрат метапад дар пардаи бодомам

Шарори барқи ҷавлон аз раг хоро наяндешад

Кунад сад кӯчаи бедодро рангини гули андомам

Шикваи ҳасрати дидори қосид бар наме тобад

Магар дар маҳфили ҷонони баради ойӣнаи пайғомам

Гирифтори тилисми ҳайрати дил мондаам бедил

Ба ранги об гавҳар нест беш аз як гиреҳи домам