Шарори коғази фурсати камӣнам

Чироғони нигоҳи вопасинам

зи хати сарнавиштам метавон хонд

Гиребони чокии лавҳи ҷабинам

Ғами дарди дилам , оҳи ҳазинам

Набудам , нестам , гар ҳастам инам

Ба мастӣ аз адам вокрдаҳам чашм

Чаҳ хоҳам дид агар ӯро набинам

Навой аҷз агар фаҳмида бошӣ

Ба чандин сувар механдад танинам

Чаҳ талх афтод оби гавҳари ман

Ки натавонади фурӯи бурдани заминам

Ҳаловат май макад чун шамъи ангушт

Ба қадари худгудози обгинм

Чу нақши по ва ман ҷавлон ҳарф аст

зи кӯтоҳӣ ба доман нест чинам

зи найранги так ва тозам мапурсед

Савори ҳайратии ойӣнаи зинам

Ғуборамро умед доманӣ нест

Надонам бар сари худ кӣ нишинам

Чу шамъ аз норасоиҳои иқбол

Ба по афтод даст аз остинам

ди кони ҷинси номами таҳтаи аввалии сет

Нигин бандед бар нақши нигинам

Агар бедил ба фирдавсам нишонанд

Ҳамон олӯдаи дунёсти дайнам