Бурун дил натавон ёфт гирди ҷавлонам
Чу ранги қатраи хӯни рафта сет ме донам
Зиҳии тасарруфи ваҳшат ки чун пари товус
Ба ҷӯши оина хуфтан накард ҳайронам
Таҳайюрам , тапишам , барқ нолаам , доғам
Чу дарди ишқ ба чандини либоси урёнам
Ҳисоби кисватам аз дастгоҳ аҷз мапурс
Ҳавост ним нафаси ткмаҳи гиребонам
Чу дашти даъвӣ озодӣам ҷунун дорад
зи дасти хок раҳоӣ начида домонам
Надошт хотами дигари нигини офиятӣ
Ба рӯй обила канданд номи ҷавлонам
Чу субҳ агар ҳамаи парвозам аз фалак гузарад
Чаҳ мумкинаст буруни қафаси проФшонм
Ҳазор ранг чу товуси сӯхтам аммо
Накард шуълаи з бе равғании чироғонам
Нафаси матоъи сазовор худфурӯшӣ нест
Чу субҳи домани ман чидааст дуконам
Таъаммул азграҳ ҳастӣ ам гушӯд адам
Нигаҳ ба хок чакид аз фишори мижгонам
Димоғи нашъаи таҳқиқ агар расо гардад
Буруни зи хеши рӯми он қадр ки натавонам
Бисоти банд таъаллуқ начидаам бедил
Ба ғайри нола ман нест дар нистонм