На фикри ғунчаи неи андеша гул мекунад шабнам
Ба мазмуни гудози худ таъаммул мекунад шабнам
Ҳам аз забти нафаси ранги тилисми ғунча май бандад
Ҳам аз ашки парешони тарҳ сунбул мекунад шабнам
Дарин гулшан ки роҳат бардаанд аз бистари рангаш
Ба умеди заъифиҳо таваккул мекунад шабнам
Ба оҳӣ боядам симоб кард ойӣнаи дил ро
Нафас то гарм шуд тарк таҳаммул мекунад шабнам
Агар машқ хамӯшӣ комил уфтад достон гардад
Ба ҳайрати шӯҳрати минқор булбул мекунад шабнам
Таваҳҳум аз худ буруни ои маҳви хуршеди ҳақиқати шӯ
Ба як парвози ҷузви хешро кул мекунад шабнам
Гузаштан бетағофул нест аз тӯфони ин гулшан
Ҳамон аз пушти хами ороиш пул мекунад шабнам
Чакад ашки надомати чўли нафас бедаст ва по гардад
Ҳаво онҷокаҳ монад аз пар задан гул мекунад шабнам
Тараби хоҳии дамӣ бар санги зани паймонаи ъушрат
Қадаҳҳо аз гудози шишаи пар мл мекунад шабнам
зи бас бе ҳосили афтодаи сети сайри рангу бӯи ӣнҷо
Ҳазор ойӣнаи маҳви як тағофул мекунад шабнам
Ҳаёи ҳам дар баҳористони шухӣ олимӣ дорад
Арақро мояи арз таҷаммул мекунад шабнам
зи бирнгӣ ба ранг оварад афсуни дуе мо ро
Ба завқи ойӣнасозӣ таназзул мекунад шабнам
Ту муҳаррами нашъаи асрори хомӯшон нае варна
Дарин гулзор беш аз шиша қлқл мекунад шабнам
зи сомони арақи бедили хаташи ҳасанӣ дигар дорад
Гуҳар дар риштаи мавҷи раг гул мекунад шабнам