Чизе аз худ ҳар қадами зери қадам гум ме кунам

Рафтаи рафта ҳар чаҳ дорам чун қалам гум ме кунам

Бенасиб маънӣам каз лафз меҷӯям мурод

Дил агар пайдо шавад дайру ҳарам гум ме кунам

эй ҳаваси дӯди тааюн бар димоғ ман мапӣч

Зери ин парчам чу шамъи охири илм гум ме кунам

Ташнаи ком ҳирс мемерад қаноат то абад

Як арақгар аз ҷабини шарми нам гум ме кунам

Даъвии Хизри тариқат бӯданам овора кард

Андакигар кам шавад ин роҳ кам гум ме кунам

То ғубори водии маҷнӯн ба ёдам ме расад

Осмон бар сар , замин , зери қадам гум ме кунам

Рангу бӯ чизе надорад ғайри истиғнои баҳор

Ҳар чаҳ аз худ гум кунам бо ӯ баҳам гум ме кунам

Дил намемонад ба дастами тоқати дидоркў

То ту май ое ба пеши ойӣнаи ҳам гум ме кунам

Олами сӯрати бурун аз олам тнзиаҳ нест

Дар самад дорам тамошогар санам гум ме кунам

Қосиди малики фаромӯшӣ касе чун ман мабод

Нома Эй дорам ки ҳар ҷо май барам гум ме кунам

Дам мазан аз ҷустуҷӯии шавқ бе пурвои ман

Ҳар чаҳ меёбам з ҳастӣ то адам гум ме кунам

Бар рафиқони бедил аз мақсад чаҳ сони орми хабар

Ман ки худро низ то онҷои расм гум ме кунам