Ба ранги хомаи зи бас нотавонӣ аҷзоем
Ба судани мижа фарсӯда шуд саропоем
Дар ин муҳӣти муқӣми тағофулам чу ҳубоб
Ғубори чашм гушӯдан тиҳӣ кунад ҷоем
Ҳарифи матлаби ашк чакида натавон шуд
Садои шикасти нафас дар шикаст миноем
Шарор мурдаам аз ҳашар ман магӯӣ ва мапурс
Чунон гузаштаам аз худ ки нест фардоем
Саҳари тарозӣ гулзор ҳайратаст имрӯз
Шикастаи рангӣ ойӣна тамошоем
Хаёл ҳастӣ мавҳум сархушам дорад
Вагарна дар раг токаст мавҷ саҳбоем
Чу умр рафта надорам умед баргаштан
Ғаниматаст ки гоҳе ба ёд ме оем
Касе хаёл чаҳ ҳастӣ кунад зи вазъи ҳубоб
Шикофтааст ба ном адам муаммоем
Ҳазор ранги зи ман пар фишон бирнгии сет
Агар ғалат накунам ошён анқоем
Ғурури худсарӣ ойӣна намудем нест
Чу инфеъол арақ карда аст пайдоем
Тавофи дашти ҷунуни завқи саҷда Эй дорад
Ки ҷои обила дил мекашад сар аз поем
Нигоҳ чора надорад зи мардумаки бедил
Нишондааст ҷунун дар дил сувидоем