Парвона шавам ё пари товуси гушойам

Аз олами анқо чаҳ хаёласт броим

Обу гулам аз ҷавҳар назора сириштанд

Дар чашм хаёласт ба чашм ҳама ҷоем

Саъии талабам беш шуд аз ҳар чаҳ на бинишаст

Зини баъди магари шавқи баради рӯ ба қафоем

Дар домани даштӣ ки на роҳаст на манзил

Умрӣаст ки маҳмили каш овоз дароем

Ҷӯшидаам аз анҷумани ибрати маъшӯқ

Мушкил ки дар ойӣнаи каси ҷилваи намоям

Зарроти ҷаҳони чашмаки асрор висол аст

Оғӯш ман инаст ки чашмӣ бигушоем

Созами адаби оҳанги хаёл нигаҳ кист

Дар анҷуман серума нишаста сет садоем

Бо мавҷи гуҳар бохтаам дасту гиребон

Аз доман худ нест бурун лағзиш поем

Бе пардагии маънӣ аз ойӣна лафз аст

Фарёд ки дар соз нагунҷед навоем

Умеди иҷобат чиқадр мунфаилам кард

Имшаби арақи оина даст дуоем

То ғарраи афсун саодат натавон зист

Бар сояи худ бол фишонда аст ҳамем

Соқии қадаҳӣ чанд машав монеъи таклиф

Шояд рӯм аз ёди худ ва боз ниёем

Бедил макун ороми таманно ки дар эҷод

Бар бод ниҳоданд чу парвоз банноем